Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори мири Владикавказ


Мири шаҳри Владикавказ: маркази Осетияи Шимолии Русия ба қатл расид. Идораи додситонӣ мегӯяд, мошини Виталий Караев ҳангоми беруншавӣ аз хонааш мавриди оташ қарор гирифт. Додситонӣ меафзояд, ки Караев бо ҷароҳатҳо ба шифохона интиқол ёфт, вале табибон дар наҷоти ӯ ноком шуданд.
Минтақаи Қафқози Шимолӣ ва мин ҷумла Осетияи Шимолӣ бо ҳамлаҳои рӯзафзуни гурӯҳҳои ҷангҷӯй мувоҷеҳ мебошад.

Моҳи равон бар асари як бомбгузории эҳтимолан маргталабона дар назди бозори Владикавказ 12 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG