Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби истеъфои сарвазири Таиланд таҳким меёбад


Дар Таиланд эътирозарони зиддиҳукуматӣ назорати фурудгоҳи байналмилалии асосии шаҳри Бангкокро ба даст дароварда, парвозҳоро мутаваққиф намуданд. Дар натиҷа ҳазорҳо мусофир дар пойтахти Таиланд банд мондаанд.

Ин иқдоми эътирозгарон маъракаи якмоҳа бар муқобили сарвазири Таиланд Сомчай Вонгсаватро ба авҷ мерасонад.

Тибқи хабарҳо як идда эътирозгарон муддате назорати фурудгоҳи Суварнамбҳуниро низ дар ихтиёр доштанд.

Дар паёме ба эътирозгарон пешвои онҳо Сондҳӣ Лимтҳонгул гуфт, ки гирдиҳамоиҳо то замони истеъфои ҳукумати Сомчай давом мекунанд.

Эътилофи мардумӣ баҳри демократия ҳукумати Сомчайро гаравгони дасти собиқ сарвазири ин кишвар Таксин Шинаватра меномад.

Шинаватра, ки дар соли 2006-ум аз вазифа барканор шудааст, бо сарвазир Сомчай равобити хешу таборӣ дорад.

XS
SM
MD
LG