Пайвандҳои дастрасӣ

Меҳмонони хориҷии пойтахти Тоҷикистон


Сергей Наришкин, раҳбари дастгоҳи президенти Русия

Сергей Наришкин, раҳбари дастгоҳи президенти Русия

Имрӯз, 26 ноябр, дидори Сергей Наришкин, раҳбари дастгоҳи президенти Русия, бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.

Баррасии ҷараёни иҷрои қарордодҳои имзошуда миёни Душанбеву Маскав, аз ҷумла дар риштаи энержӣ як ҳадафи аслии сафари Наришкин ба Душанбе гуфта мешавад. Эҳтимол меравад, дар мулоқоти Душанбе масъалаи ба консортсиуми байналмилалии бунёди нирӯгоҳи Роғун пайвастани Русия низ матраҳ шавад.

Рӯзи чоршанбе ҳамчунин сафари дурӯзаи вазири хориҷаи Туркия Алӣ Бобоҷон ба Тоҷикистон оғоз меёбад. Як мавзӯъи аслии матрӯҳа дар ҷараёни мулоқотҳои Алӣ Бобоҷон бо ҳамтои тоҷикаш Ҳамроҳхон Зарифӣ ва раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баҳси дурнамои равобити Душанбеву Анкара хоҳад шуд.

Тайи 10 моҳи аввали соли ҷорӣ мизони табодули молу коло байни Тоҷикистону Туркия 461 миллион долларро ташкил дод. Тоҷикистон дар ин муддат ба Туркия ба маблағи 353 миллион доллар мол содир карда, аз он кишвар ба маблағи 107 миллион доллар мол ворид кардааст.

XS
SM
MD
LG