Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: 800 миллиард $ барои раҳоӣ аз бӯҳрон


Амрико барои раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ ба ширкатҳову бонкҳои ин кишвар боз 800 миллиард доллари дигар кӯмак мекунад.

Бештари ин маблағи кӯмак, яъне беш аз 500 миллиард доллар, барои ангезиши системи қарздиҳии бонкҳои ИМА пешбинӣ шудааст, ки тайи моҳҳои ахири бӯҳрони молӣ ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ шудаанд ва баъзе аз онҳо дар ҳолати варшикастан қарор доранд.

Гуфта мешавад, беш аз 200 миллиарди дигар барои пешбурди бозорҳои манзил ва молиёти кишвар тахассус дода мешавад.

Тайи ду моҳи ахир ин бори дуввум аст, ки мақомоти ИМА барои раҳоӣ аз бӯҳрон ба системи молии ин кишвар кӯмакҳои ҳангуфт мекунад. Як моҳ қабл як барномаи 700-миллиарддолларӣ барои кӯмак ба бонкҳову ширкатҳои молии ИМА роҳандозӣ шуда буд.

Мақомоти ИМА итминон доранд, ки ин барномаҳои ёрӣ барои наҷоти кишвар аз бӯҳрони шадиди молӣ мувофиқат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG