Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии вазири собиқ аз вазъи муҳоҷирони тоҷик


Собиқ ноиби сарвазир ва собиқ вазири иқтисодиёти Тоҷикистон Давлат Усмон дар як нишасти хабарӣ дар Маскав гуфтааст, пулфиристии муҳоҷирони тоҷик ба ватанашон ду баробар камтар шудааст ва ин ба вазъи Тоҷикистон таъсири манфӣ хоҳад дошт. Ба гуфтаи вай, пули муҳоҷирон одатан 38-40 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил медод. Коҳиши он, ки 50 ва қариб 60 дарсад аст, ин даромадро 20 дарсад камтар мекунад. Ҷаноби Усмон афзуд, бо сабаби бӯҳрон, қисми аксари муҳоҷирони тоҷик тасмим мегиранд, ба ватан баргарданд ва он гоҳ масъалаи бузурги таъмин кардани онҳо бо шуғл ба миён хоҳад омад.
XS
SM
MD
LG