Пайвандҳои дастрасӣ

Раъйдиҳии порлумони Ироқ ба паймони амниятӣ бо Амрико


Имрӯз порлумони Ироқ, қарор аст, паймони амниятии Ироқ ва Амрикоро баррасӣ кунад. Тибқи созишномаи мазкур Иёлоти Муттаҳида бояд то поёни соли 2011 150 ҳазор сарбозу афсарашро аз Ироқ хориҷ кунад. Вошингтон пас аз моҳҳои гуфтушунид ба ин пешниҳод ризоият дод. Сарвазири Ироқ, Нурӣ Ал-Моликӣ гуфт, ин қарордод беҳтарин умеди кишвар ба истиқлолият аст. Вай ҳамзамон ҳифзи мамлакат аз хушунатҳои байнимазҳабиро низ таъкид кард. Дар ҳоли тасвибаш санади мазкур ҳамчунин аввалин бор ба Ироқ имкон медиҳад, ба ҳузури ҳарбии Амрико ҳокимияти расмӣ дошта бошад. Дар ҳоле ки эътилофи ҳокими шиъа ва курдҳо аз паймон пуштибонӣ мекунанд, пайравони рӯҳонии тундрав Муқтадо Садр мухолифи он буда, ҷумъаи гузашта ҳазорон нафарро ба тазоҳурот баровардаанд.
XS
SM
MD
LG