Пайвандҳои дастрасӣ

Музди кор дар тамоми ҷаҳон коҳиш хоҳад ёфт


Созмони Ҷаҳонии Кор аз коҳиши музди кори миллионҳо нафар дар саросари олам дар соли 2009 ҳушдор медиҳад. Дар гузориши нави ин ниҳоди байнулмилалӣ гуфта мешавад, дар аксари кулли кишварҳо на танҳо болоравии музди кор ба мушоҳида нахоҳад расид, балки баракс бо назардошти таваррум ҳаҷми воқеъии он коҳиш хоҳад ёфт. Поинравии маош дар навбати худ ба кам шудани тавони харидории аҳолӣ ва дар ин робита ба амиқрафти бӯҳрон сабаб мегардад. Мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Кор аз ҳукуматҳо хостаанд, ба танзими оқилонаи ҳадди камтарини музди кор, ҳифзи қудрати харидории шаҳрвандон ва афзоиши масрафи дохилӣ талош кунанд.
XS
SM
MD
LG