Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Бриза: "Русия оташбас бо Гурҷистонро риоя намекунад."


Масъули равобит бо кишварҳои Аврупо ва Осиё дар Вазорати умури хориҷии Амрико, Метю Бриза, гуфт, Русия ҳамоно ӯҳдадориҳои оташбас бо Гурҷистонро риоя намекунад. Дар гуфтугӯ бо хабаргузории Ройтерз, Бриза гуфт, Маскав бояд тибқи созишномае, ки бо миёнаравии Фаронса ба имзо расид, нерӯҳояшро ақиб кашад ва танҳо он гоҳ авзоъ одӣ хоҳад шуд. Вай афзуд, Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо набояд ин ҳолатро нодида гиранд ва фишор ба Маскавро коҳиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG