Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари президенти Русия ба Венесуела


Президенти Русия, Дмитрий Медведев дар идомаи сафараш дар Амрикои Ҷанубӣ ва пас аз мулоқотҳо дар Кубаву Бразил имрӯз вориди Венесуела мешавад. Сафари ӯ ба рӯзҳое афтод, ки киштиҳои ҷангии Русия бо нерӯҳои дарёии Венесуела машқҳои муштарак анҷом медиҳанд. Ин аввалин вуруди размновҳои Русия ба Халиҷи Кариб пас аз Ҷанги Сард аст. Президенти Венесуела Ҳуго Чавез талабгори таҳкими равобити кишвараш бо Русия аст. Вай аз Русия ба маблағи 4 миллиард доллар аслиҳа харида, ҳамчунин мехоҳад Маскав дар Венесуела реактори ҳастаӣ созад ва ба риштаҳои нафту газ сармоягузорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG