Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наълбандиён хостори равобити комил бо Туркия шуд


Вазири хориҷаи Арманистон Эдуард Наълбандиён гуфт, истиқрори равобити комил байни Арманистону Туркия ба манфиати ҳарду кишвар аст. Наълбандиён дар пайи мулоқоти дирӯза бо ҳамтои туркаш Алӣ Бобоҷон дар як изҳорот гуфт, гуфтугӯи байни Еревану Анкара истиқрори равобити дипломатӣ ва гушоиши марзҳои дар ҳоли ҳозир баста миёни ду кишварро ба ҳадаф дорад. Талоши Арманистон ба хотири ҳамчун наслкушӣ эътироф кардани қатли оми арманиҳо дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳон як сабаби аз истиқрори равобити дипломатӣ бо Ереван сар кашидани Анкара буда, марзи байни ду кишвар беш аз як даҳсола боз баста аст.
XS
SM
MD
LG