Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйири сохтори хадамоти ҷосусии Покистон


Пулиси покистонӣ

Пулиси покистонӣ

Як бахши Идораи истихбороти низомии Покистон (ИИНП), ки аз он бахши сиёсӣ низ ном мебаранд ва он масъули ҷамъоварии маълумот дар бораи сиёсатмадорони ин кишвар буд, ноаён баста шуд.

Манобеъи покистонӣ иттилоъ медиҳанд, баста шудани ин бахш сабабҳои комилан дохилӣ дорад ва дар сиёсати хориҷии ин кишвар ё дар мубориза бар зидди терроризм асар нахоҳад гузошт. Аммо коршиносони ғарбӣ мегӯянд, ин тағйирот дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Вошингтон ба таври хусусӣ аз ҳукумати нави Покистон хостааст, то лаҷоми баъзе унсурҳоеро дар ин идора бикашад, зеро иддаъо мешавад, ки чунин унсурҳо бо тундравҳои исломӣ иртибот доранд.

Ҳукумати президент Осиф Алӣ Зардорӣ эълом кардааст, ки бастани бахши сиёсии Идораи истихбороти низомии кишвар имкон медиҳад, ки ин идораи ҷосусӣ аз сиёсатмадорони дохилӣ даст бардорад ва фаъъолияти худро бештар ба амалиёти зидди террористӣ муттамаркиз кунад. Мунаққидон бар инанд, ки раҳбарони низомии Покистон бештар ин бахши сиёсии идораи истихборотиро бар зидди раҳбарони ғайринизомии ҳизбҳои сиёсӣ истифода мекарданд.

Дар ҳар сурат, баста шудани ин бахш дар Покистон кори дохилӣ арзёбӣ мешавад ва мегӯянд, ки он дар сиёсати хориҷӣ ва нақши ин идора асар нахоҳад гузошт. Хонум Насим Зеҳра яке аз рузноманигорони шинохта ва таҳлилгари умури амниятист ва бо маркази мутолеъоти Донишгоҳи Осиёи Марказии Ҳорворд ҳамкорӣ мекунад. Вай мегӯяд, ки низомиёни Покистон ба бахши сиёсии идораи истихборот такя мекарданд, то ба муҳити сиёсии кишвари худ таъсир расонанд.

Ба бовари коршиносони ғарбӣ, аз моҳи апрел ба ин су, яъне аз замоне, ки Осиф Алӣ Зардорӣ дар Покистон ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ расид, Вошингтон ба ҳукумати Покистон фишор меорад, ки Идораи истихбороти низомиро аз сиёсатҳои дохилӣ дур андозад ва робитаи эҳтимолии онҳоро бо тундравҳои исломӣ қатъ кунад.

Даниел Маркӣ, коршиноси аршади Шурои Равобити Хориҷӣ дар умури Ҳиндустону Покистон ва Осиёи Ҷанубӣ, мегӯяд, то ҳол равшан нест, ки бастани бахши сиёсии ин идора бо фишори Вошингтон анҷом гирифтааст ё хайр. Вале оқои Маркӣ бар инаст, ки Амрико алоқаманд аст, ки Идораи Истихбороти Низомӣ ба сиёсатҳои дохилӣ мудохила накунад.

Ба ақидаи рӯзноманигори покистонӣ Аҳмад Рашид, Покистон дар минтақа муттаҳиди калидии амрикост, вале иддаъо мешавад, ки ИИНП пинҳонӣ аз ҳамлаҳои фаромарзии тундравҳо дар Афғонистону Ҳиндустон ва Кашмири Ҳиндустон ҳимоят мекунад. Аҳмад Рашид дар китоби ахири худ навиштааст, ки «ИИНП дар манотиқи фаъъолияти тундравҳо мисли ҷунбиши «Толибон» як силсила созмонҳои хусусӣ ташкил кардааст, то бад-ин тариқ раҳбарони низомии Покистонро аз тундравҳо дур нигаҳ дорад ва ба ин созмонҳо афсарони мустаъфии истихборот сафарбар мешуданд ва фаъъолияти созмонҳоро Сипоҳи ҷабҳаи муқаддами Покистон сармоягузорӣ мекард».

Ба таъйиди ӯ, Покистон борҳо даст доштани ИИНП дар ҳамлаҳои фаромарзии тундравҳо ба Афғонистонро рад кардааст. Вале ҳукумати Осиф Алӣ Зардорӣ эътироф кард, ки баъзе унсурҳо дар ИИНП ҳаводори исломгароён дар Покистон ва ҳаводори идомаи шӯришҳо дар Афғонистон мебошанд.
XS
SM
MD
LG