Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби Карзай аз ҳайъати эъзомии Шӯрои Амният


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар мулоқоташ бо ҳайъати Шӯрои Амнияти СММ тақозо кард, ки ҷомиаи байналмилалӣ ҷадвали замонии анҷоми ҳузури низомии хориҷӣ дар Афғонистонро таъйин кунад. Дафтари Карзай мегӯяд, ки ӯ дар ин мулоқот гуфтааст, кишвараш мехоҳад бидонад, ки ҷанги таҳти раҳбарии Амрико алайҳи террор то чанд муддати дигар идома хоҳад ёфт ва ё онҳо бояд дунболи пайдо кардани ҳалли сиёсии мавзӯъи муқовимати чирикиёни толиб шаванд. Карзай ҳамчунин гуфта, ки мардуми Афғонистон ба далели вазъи бади пешомада дар кишвар нисбат ба ояндаи худ чандон хушбин нестанд.
XS
SM
MD
LG