Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонҳо хостори табдили қозии додгоҳ шуданд


Ҷониби додситонӣ хостори табдили қозии мурофиаи се нафари муттаҳам дар қатли хабарнигори маъруфи рус Анна Политковская шуданд. Додситонҳо қозии мурофиа Евгений Зубовро дар тарафкашӣ айбдор карданд. Ин қозӣ қаблан ин мурофиаро, ки то кунун дар додгоҳи Маскав пушти дарҳои баста мегузашт, дубора ба рӯи мардум боз кард. Пушти дарҳои баста гузаштани додгоҳ мунҷар ба интиқоди шадид аз ҷониби ҳам аъзои хонаводаи Политковская ва ҳам вакилони мудофеъ шуда буд. Мурод Мӯсоев, вакили яке аз муттаҳамон гуфт, айбнома ҳокист, ки куштори хабарнигорро як сиёсатмадори фаъол дар дохили Русия дастур додааст, на кадоме аз хориҷи кишвар, тавре додситонӣ қаблан мегуфт. Анна Политковская, ки асосан дар бораи Чеченистон мақола менавишт, дар моҳи октябри соли 2006 дар Маскав кушта шуд.
XS
SM
MD
LG