Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон аз IMF 7,6 миллион $ қарз мегирад


Покистон ризоияти ниҳоии Сандуқи байналмилалии пул ҷиҳати иттихози 7,6 миллиард доллар қарзи ин ниҳоди молиро ба даст овард. Исломобод мехоҳад аз ин қарз ба хотири оддӣ сохтани вазъи иқтисодаш истифода кунад. Иқтисоди Покистон дар ин авохир ба далели афзоиши қимати маҳсулоти воридаи ғизоӣ ва маводи сӯхт ва бӯҳрони саросарии молӣ дучори мушкилоти сангин шудааст. Қурби рупия, воҳиди пули Покистон, башиддат пойин рафта, сармоягузорони хориҷӣ дар пайи бӯҳрон сармояи худро аз кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла аз бозори Покистон, берун мекашанд.
XS
SM
MD
LG