Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Киштиҳои Русия дар Венесуэла лангар хоҳанд партофт


Интизор меравад, корвони киштиҳои Русия имрӯз ба соҳили Венесуэла бирасад. Генерали венесуэлӣ Иисус Гонсалес гуфт, киштиҳои русӣ дар бандари Ла Гуара лангар хоҳанд партофт. Ин киштиҳо баъдан дар машқҳои муштараки низомии Русияву Венесуэла дар ҳавзаи Кариб ширкат хоҳанд варзид. Ин дар ҳолест, ки рӯзи чоршанбе раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев низ ба хотири баррасии масоили густариши равобити ду кишвар вориди Каракас, пойтахти Венесуэла мешавад. Ирсоли 4 киштӣ, бо шумули киштии ҳастаии “Пётри кабир”, ба Венесуэла нахустин иқдоми Маскав ҷиҳати ирсоли киштиҳояш ба Амрикои лотинӣ аз замони хатми Ҷанги сард дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG