Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқи байни "Газпром" ва "Нафтогаз"


Ширкати давлатии “Газпром”-и Русия мегӯяд, бо ширкати давлатии “Нафтогаз”-и Украина бар сари шеваи пардохти пули газ ба тавофуқ даст ёфтааст. “Газпром” мегӯяд, “Нафтогаз” ӯҳдадор шудааст, ки пули гази моҳи сентябр истифодабурдааш ва ҳамчунин бахше аз пули гази моҳи октябрро то 1 декабр пардохт кунад. Ширкати русӣ қарзи ҷамъшудаи Украинаро 2,4 миллиард доллар баровард карда, таҳдид карда буд, ки дар ғайри сурати пардохтани ин қарз интиқоли газ ба Украинаро аз рӯзи 1 январ қатъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG