Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз асорат дар Афғонистон раҳо ёфтани се муҳандис


Вазорати хориҷаи Туркия мегӯяд, се муҳандиси турки дар моҳи октябр дар Афғонистон рабудашуда рӯзи душанбе аз асорат раҳо ёфтаанд. Ин се шаҳрванди Туркия, ки дар як тарҳи марбут ба риштаи мухобирот дар шарқи Афғонистон кор мекарданд, дар вилояти Хуст асир уфтоданд. Аммо дар баёнияи вазорати хориҷаи Туркия ҷузъиёти чигуна аз асорати гаравгонгирон озод шудани ин се муҳандис ифшо нашудааст.
XS
SM
MD
LG