Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Политковская барои мардум боз шуд


Додгоҳи Маскав мурофиаи се нафари муттаҳам дар қатли хабарнигори маъруфи рус Анна Поликтовскаяро, ки то кунун пушти дарҳои баста мегузашт, дубора ба рӯи мардум боз кард. Пушти дарҳои баста гузаштани додгоҳ мунҷар ба интиқоди шадид аз ҷониби ҳам аъзои хонаводаи Политковская ва ҳам вакилони мудофеъ шуда буд. Мурод Мӯсоев, вакили яке аз муттаҳамон гуфт, айбнома ҳокист, ки куштори хабарнигорро як сиёсатмадори фаъол дар дохили Русия дастур додааст, на кадоме аз хориҷи кишвар, тавре додситонӣ қаблан мегуфт. Анна Политковская, ки асосан дар бораи мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар Чеченистони ҷангзада мақола менавишт, дар моҳи октябри соли 2006 дар назди манзилаш дар шаҳри Маскав бар асари як сӯъиқасд кушта шуд.
XS
SM
MD
LG