Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашф ва мусодираи 20 кило маводи мухаддир


Ахиран мақомоти Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон як гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддирро боздошт карда ва аз ин гӯрӯҳ ҳудуди 20 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд.

Мақомоти ин оҷонсӣ иртиботи ин гурӯҳро бо гурӯҳҳои муташаккили байнулмилалии маводи мухаддир рад намекунанд. Ба қавли мақомоти Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон, мавриди боздошти гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддир аъзои ин гурӯҳ ба кормандони оҷонсӣ муқобилаи шадид нишон додаанд. Ба гуфтаи Бобоҷон Шафеъ, нозири аршади бахши мусоидат бо ҷомеъаи Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқоуннии маводи мухаддири Тоҷикистон, фаъолияти ин гурӯҳ дар ҳудуди Тоҷикистон, ба вижа дар минтақаи шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеъи марказ, анҷом мегирифтааст. Ва ба эътиқоди ӯ, ин гурӯҳи муташаккили қочоқбари маводи мухаддир тули се моҳ таҳти назорат қарор доштааст.

Оқои Шафеъ ҳамзамон аз аз афзоиши боздошти маводи мухаддир дар соли равон дар Тоҷикистон хабар дода гуфт, ки аз сӯи ҳама ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ бештар аз 5 тонна маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст, ҳудуди 1 тонаву 300 килои онро кормандони Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир кашф карда дар зимн дар муқобил бештар аз 800 нафар парвандаи ҷиноӣ боз ва ба додгоҳҳо ирсол шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли таҳлилгарон, афзоиши ҳаҷми боздошти маводи мухаддир дар Тоҷикистонро ба поин рафтани қиммати маводи мухаддир дар Афғонистон рабт медиҳанд. Ҳамчунин ахиран Антонио Мария Коста, мудиромили Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноёти СММ, гуфтааст, бо далели фаровонии афюн дар бозор тайи чаҳор соли ахир ҳамасола қимати маводи мухаддир 20 дарсад поин рафтааст. Вале ин ҳам боз дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносони тоҷик, афзоиши ҳаҷми маводи мухаддир дар Тоҷикистон ҳамчунин ба иртибототи мансабдорони мақомоти кишвар бо гурӯҳҳои қочоқгар дар дохили низ бастагӣ дорад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари масоили сиёсӣ, бар ин аст, ки боздошти мақомоти марзбонӣ дар ҷурми ҳамкорӣ бо қочоқгарони маводи мухаддир, ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ дур дар ин чанд моҳи ахир далели он аст, ки шабакаи мунтақил аз тариқи Тоҷикистон тавсеъа меёбад ва низ мақомоти Тоҷикистон қодир ба ҷилавгирӣ аз фаъолияти тамоми гурӯҳҳо дар ин шабака нестанд.

Оқои Сайфуллозода бар ин аст, ки ҳарчанд шабакаи интиқоли маводи мухаддир аз тариқи Тоҷикистон дар қиёс ба шабакаҳо қоҷоқи ин мавод аз тариқи Покистону Ирон кӯчак унвон мешавад, аммо мегӯяд, ба иттилоъи СММ, дар маҷмӯъ ин ҳама шабакаҳо дар Аврупо ба ҳам мепайванданд ва ин заҳрро ба кишварҳои аврупоӣ интиқол медиҳанд. Дар зимн, ба гуфтаи ӯ, решаи ин гурӯҳҳоро аслан бояд дар кишварҳои истеъмолкунанда ҷуст, зеро гурӯҳҳои кӯчаки ба ин шабакаҳо шомилшуда дар кишварҳои тронзитии назири Тоҷикистон аз сӯи ҳомиёни аврупоии худ сармоягузорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG