Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбиниҳо дар муносиботи Амрикову Эрон


Интихоби Барак Обама ба курсии раёсати ҷумҳурии Амрико ба хушбиниҳо дар мавриди шурӯъи дубораи гуфтугӯ миёни Амрикову Эрон меафзояд.

Рӯзи 20 ноябр як гурӯҳи дипломатҳои собиқ ва донишмандон бо нашри як баёния гуфтанд, ки Амрико мулзам нест, байни сиёсати зӯргӯӣ, ки ба нокомӣ анҷомид, ва роҳи низомии ҳалли мавзӯъи Эрон интихоб кунад. Ин афрод боз кардани роҳ барои музокироти мустақиму фарогир ва бидуни қайду шарти пешакӣ дар сатҳи баланди дипломатиро ҳамчун роҳи дурусттари ҳалли масъала пешниҳод карданд, ки Вошингтон аз он сарфи назар кард.

Ба эътиқоди Майкл Рубин, муҳаққиқи Пажӯҳишгоҳи соҳибкории Амрико ва аз муаллифони тарҳи сиёсати Амрико дар қиболи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон, ин ки Амрико равобити дипломатӣ бо Эронро бойкот кардааст, бофтаи хиёлҳост, балки тайи тақрибан се даҳсолаи охир, ки ин равобит қатъ шудааст, талошҳои пароканда, вале нокоми дипломатӣ ҳамеша вуҷуд доштаанд. Майкл Рубин мегӯяд, гаравгонгирии кормандони сафорати Амрико дар Теҳрон дар соли 1979 аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯёни тундрави эронӣ талошҳои маъмурияти раисҷумҳури вақти Амрико Ҷиммӣ Картер ҷиҳати оддӣ сохтани равобит бо Эронро замин кард. Ҷанҷоли Эрон-контрас баъдан сабаб шуд, ки ин равобит дар солҳои ҳаштодум низ ба ҳолати оддӣ барнагардад.

Соли 1989 Ҷорҷ Буши калонӣ баробари ба курсии раёсати ҷумҳурии Эрон нишастани Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба ӯ аз омодагиаш барои музокирот дарак дод, вале ин пешниҳод низ ба мухолифати мақомоти эронӣ дучор шуд.

Ҳарчанд такя ба роҳи дипломатии ҳалли масоилро бештар ба демократҳо нисбат медиҳанд, тайи замони раҳбариаш Билл Клинтони демократ дар қиболи Эрон бештар аз роҳи эъмоли таҳримот кор гирифт. Клинтон дар поёни раҳбариаш ба вазири хориҷаи вақти Амрико Мадлен Олбрайт дастур дод, то бо ҳамтои эрониаш мулоқот кунад. Аммо бо вуҷуди омодагиҳои ҷиддӣ дар СММ, вазири хориҷаи Эрон ба гуфтугӯ бо Олбрайт ҳозир нашуд.

Майкл Рубин мегӯяд, албатта, раисҷумҳури кунунӣ Ҷорҷ Буш ҳамчун як раҳбари ҷангҷӯ тавсиф мешавад, вале аз замони Картер ба ин сӯ ягон президенти Амрико монанди Буши хурдӣ ба муносиботи дипломатӣ бо Эрон алоқа нишон надодааст. Майкл Рубин аз ҷумла ба тамосҳои дипломатӣ дар се соли аввали асри ҷорӣ ишора мекунад, ки миёни Амрикову Эрон рӯи масъалаи Афғонистон ишора мекунад. Аз сӯи дигар, Ҷорҷ Буш буд, ки дар оғози соли 2002 Эронро дар ҷумлаи кишварҳои меҳвари шарорат ном бурд.

Ба пуштибонӣ аз терроризм ва ба мухолифат ба ҷараёни сулҳи Ховари Миёна айбдор шудани Эрон ҳусни таҳаммул нисбат ба он кишварро дар Вошингтон боз ҳам камтар карда, барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Теҳрон ва ҳам дасти дарози дахолате, ки ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, Эрон дар умури Ироқ дорад, ба хусус ба дунболи шурӯъи ҷанги таҳти раҳбарии Амрико дар Ироқ, забони ҷонибдорони роҳи дипломатии ҳалли масъалаи Эрон боз ҳам кӯтоҳтар кард.

Вале тайи се соли охир низ талошҳое аз сӯи Амрико ба хотири дар робита ба эҳёи равобит бо Эрон рӯи даст гирифта шуд ва дар ин ҷумла метавон силсиламулоқотҳои сафири Амрико Раян Крокер бо ҳамтои эрониаш дар Бағдодро ном бурд.

Майкл Рубин мегӯяд, дар канори ҳам омадан кадом қоидаи сеҳрноке надорад ва барои мисол, барои рақси танго ба ҳам омадани ду нафар кофист. Ончӣ ки руъасои ахири ҷумҳурии Амрико омӯхтанд, вале мунаққидони онҳо не, ин аст, ки камбуди ҳамкорӣ на тақсири Вошингтон, балки Теҳрон аст. Майкл Рубин ба намунаи мисол, мегӯяд, вақте вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс ба Эрон хатми инзивоъи он кишварро пешниҳод кард, ҳамагӣ рӯзе баъд раисҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ин пешниҳодро ҳамчун як “иқдоми таблиғотӣ” радд намуд. Ва вақте муовини Райс, Вилям Бёрнс дар моҳи июл дар Женева бо ҳамтои эрониаш гирди як миз нишаст, Муҳаммад Асадӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, бо истеҳзо гуфт, навмедии Вошингтон ҳокист, ки ки Амрико интихоби дигаре ба ҷуз аз задаву кӯфта тарк кардани Ховари Миёна надорад. Меҳдии Калҳор, ноиби раисҷумҳури Эрон ҳамагӣ моҳе пеш, дар 12 октябр гуфт, “то замоне ки нирӯҳои Амрико дар Ховари Миёна боқӣ монда, аз режими саҳюнистӣ ( манзураш – Исроил) пуштибонӣ мекунанд, масъалаи музокирот миёни Амрикову Эрон дар дастури кор қарор нахоҳад гирифт.”

Аммо чаро Теҳрон ин ҳама қайду шартро канор гузошта, роҳи ҳамкорӣ бо Вошингтонро намеҷӯяд? Майкл Рубин мегӯяд, сабаби аввал талаби тавқифи фаъолиятҳои ғанисозии ураними Эрон аст, ки инро на Вошингтон, балки Шӯрои амнияти СММ тақозо мекунад. Ба эътиқоди таҳлилгар, аз ин фаъолиятҳо даст бардоштани Эрон метавонист роҳро барои музокироташ бо Амрико боз карда, эъмоли таҳримоти бештар алайҳи ин кишвар аз ҷониби Шӯрои Амниятро пешгирӣ кунад.

Сониян, дар ҳоли ҳозир оғӯш кушодан ба сӯи Теҳрон ба раисҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар пешорӯи интихоботи оянда ҳаққ медиҳад, ба дурустии сиёсати пешгирифтаи худ иддао кунад. Солисан, масъалаи самимияти дипломатияи мақомоти эронист, ки дар мазҳари ом аз пойбандиашон ба роҳи музокирот ва эъмори ҳусни эътиромд сӯҳбат мекунанд, вале ҳамзамон ба сиёсатҳои махуфи худ низ давом медиҳанд. Ва ин ҳақиқатест, ки ба гуфтаи Майкл Рубин, Барак Обама дар пайи нишастанаш ба курсии раёсати ҷумҳурии Амрико ҳатман ба он рӯбарӯ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG