Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Комиссиёни байнидавлатии рушди устувор, ки панҷ кишвари Осиёи Марказиро муттаҳид намудааст, нишасти навбатии худро дар Бишкек баргузор кард.

Дар ҷараёни нишасти мазбур масъалаҳои марбут ба тағйири обу ҳаво ва мутобиқшавӣ ба он, тоза нигоҳ доштани вазъи экологии минтақа, ҷалби донорҳои байнулмилалӣ дар мавриди раҳандозии лоиҳаҳо ва таъмини молии он, танзими захираҳои об ва масоъили ба ин марбут ба доираи баҳсу баррасӣ кашида шуд.

Арстанбек Давлаткелдиев, раиси комиссиёни байнидавлатии рушди устувор ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, мушкилоте, ки бар асари тағйири обу ҳаво пеш омадааст, ба мардуми соири кишварҳои ҷаҳон иртибот дорад. Оқои Давлаткелдиев афзуд, агар одамон ҳамаи қонунҳои табиатро медонистанд ва ба он риоят мекарданд, дар он сурат як идда мушкилот, ки дар айни ҳол боиси нигарониҳост, сарфи назар мешуд.

Раиси комиссиёни байнидавлатии рушди устувори Осиёи Марказӣ гуфт, бо вуҷуди ин мақомоти раҳбариии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ масъалаи тағйири обу ҳаво ва бадшавии вазъияти экологиро баррасӣ намуда ва ҷиҳати раҳоӣ аз ин мушкилот гомҳои тоза мебардоранд. Ба гуфтаи Арстанбек Давлаткелдиев, ҷорӣ гардидани баъзе маҳдудиятҳо дар мавриди пахши газҳои заҳролуд, гузашта аз ин баҳрабардорӣ аз технологияҳои наву замонавӣ, аз ҷумла, тавлиди барқи офтобӣ, ки гуфта мешавад, истифодаи ашёи углеводородиро коҳиш хоҳад дод, то андозае аз бадшавии вазъи экологӣ ва тағйири обу ҳаво ҷилагирӣ хоҳанд кард.

Хурсандқул Зикиров, раиси кумитаи ҳифзи муҳити назди ҳукумати Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар нишасти Бишкек гуфт, намояндагони панҷ кишвар дар мавриди таъсиси маркази минтақавии бахши кӯҳситони Осиёи Марказӣ ду сол заҳмат кашиданд. Мавсуф афзуд, ки дар ин муддат ойиннома ва шӯрои раёсати маркази мазбур ба тасвиб расид, ки ҳифзи экологии кӯҳистонро дар фазои Осиёи Марказӣ аз ҳадафҳои аслии фаъолияти худ қарор хоҳад дод.

Ба гуфтаи Исмоил Дабиров, мудири иҷроияи Кумиссиюни байнидавлатии рушди устувор, аз Барномаи экологии СММ тақозо гардид, ки барои фаъолиятҳои Маркази минтақавии бахши кӯҳистони Осиёи Марказӣ дар соли 2009 550 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос диҳад. Оқои Дабиров гуфт, чунин мешуморад, ки донорҳои байнулмилалии дигар кӯмакҳои молии худро дареғ нахоҳанд дошт. Исмоил Дабиров мегӯяд, ки баланд шудани ҳарорати ҳаво ба яке аз масъалаҳои мубрами соири кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.

Вай афзуд, ки маҳз бар асари гармшавии ҳаво масоҳати захираи пиряхҳои баландкӯҳ мунтазам коҳиш мебинад ва ин ҳол бешак ба камшавии захираҳои оби минтақа таъсири манфӣ боқӣ мегузорад. Ба гуфтаи мудири иҷроияи комиссиёни байниҳукуматии рушди устувори Осиёи Марказӣ, дар поёноби рӯдхонаҳое, ки аз обшавии ин пиряхҳо ҳосил шудаанд, миллионҳо нафар ба сар мебаранд.

Исмоил Дабиров гуфт, ҳифзи пиряхҳо ба ҳайси захираҳои асосии оби рӯдхонаҳои минтақа ва танзими оби ин рӯдхонаҳо дар поёноби он, ҳамчунин назорати сатҳи оби кӯлҳое, ки дар натиҷаи обшавии ин пиряхҳо ҳосил шудаанд, масъулияти комиссиёни байнидавлатии рушди устувор ва маркази минтақавии бахши кӯҳистонии Осиёи Марказиро беш аз пеш меафзояд.

Ахиран роҷеъ ба ҳифзи муҳити зист дар чаҳорчӯби комиссиёни байнидавлатии рушди устувор як конвенсия ба имзо расид, ки гуфта мешавад, фаъолияти мақомоти раҳбарии идораҳои ҳифзи муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказиро дар ин комиссиюн мушаххас хоҳад кард.

Ногуфта намонад, ки дар поёни нишасти Бишкек перомуни ҳамкориҳои Шӯрои ҷамъиятии назди Комиссиёни байнидавлатии рушди устувор ва шабакаи экологии ҷавонони Осиёи Марказӣ қароре ба тасвиб расид, ки аз раҳандозии тренингҳо роҷеъ ба журналистикаи интернети экологӣ дар чаҳорчӯби ЮНЕСКО пуштибонӣ хоҳад кард.

Раёсати комиссиюни байниҳукуматии рушди устувори Осиёи Марказӣ дар соли 2009-ро Узбакистон бар дӯш хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG