Пайвандҳои дастрасӣ

Алӣ Бобоҷон имшаб вориди Душанбе мешавад


Рӯзи чоршанбе сафари дурӯзаи вазири хориҷаи Туркия Алӣ Бобоҷон ба Тоҷикистон оғоз меёбад. Як мавзӯъи аслии матрӯҳа дар ҷараёни мулоқотҳои Алӣ Бобоҷон бо ҳамтои тоҷикаш Ҳамроҳхон Зарифӣ ва раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баҳси дурнамои равобити Душанбеву Анкара хоҳад шуд. Тайи 10 моҳи аввали соли ҷорӣ мизони табодули молу коло байни Тоҷикистону Туркия 461 миллион долларро ташкил дод. Тоҷикистон дар ин муддат ба Туркия ба маблағи 353 миллион доллар мол содир карда, аз он кишвар ба маблағи 107 миллион доллар мол ворид кардааст.
XS
SM
MD
LG