Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаи куштор дар Фархор


Як сокини ноҳияи Фархор бо иттиҳоми куштори се нафар ва қасд ба ҷони чаҳор каси дигар боздошт шудааст.

Насимҷон Қурбонов, сокини ноҳияи Фархор дирӯз, 24 ноябр аз ҷониби додситонии минтақавии Кӯлоб боздошт гардидааст.

Муовини додситони вилояти Хатлон Алфаттоҳ Розиқов ба хабарнигорон гуфтааст, Н. Қурбонов шаби 19 ба 20 ноябр се сокини як деҳа дар ноҳияи Фархорро бо корд кушта, чаҳор нафари дигарро захмӣ кардааст. Хола ва як ҷияни даҳсолаи Н. Қурбонов аз ҷумлаи кушташудагон мебошанд.

Ҷаноби Розиқов ҳодисаро ин гуна нақл кардааст: "Н. Қурбонов хонаи холаи худ, муаллимаи мактабро таъмир мекардааст. Соҳибхона як қисми ҳаққуззаҳмаи корро ба бародари худ, падари Н. Қурбонов, додааст. Н. Қурбонов хостааст, ки боқимондаи маблағ ба худи ӯ дода шавад. Дар ин замина ҷанҷол бархостааст, ва дар натиҷа соҳибхоназан кушта шудааст. Ҳамчунин, духтарчаи даҳсола, ки дар хонаи соҳибхоназан мезистааст ва ба муҷрим духтарамак мешудааст, низ кушта шудааст. Сипас, ҳамсояҳои ба доду фарёд омада низ қурбонии ин ҳодиса гардидаанд."

XS
SM
MD
LG