Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 25 ноябр, дар чаҳорчуби Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон нишасти Кумитаи муштараки ИА – Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тибқи иттилоъи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, дар ин нишаст, ки дар шаҳри Душанбе сурат мегирад, ҳайати аврупоӣ таҳти раёсати Виктор Андрес Малдонадо, раиси намондагии ИА дар Осиёи Марказӣ ва роҳбари бахши берунаи Комиссиёни Аврупо, ширкат хоҳад кард.

Дар ҳамоиш мавзӯъҳои иҷтимоӣ, сиҳатии аҳолӣ, рушди бахши хусусӣ, поинбарии сатҳи камбағалӣ, ҳифзи марзҳо ва ҳуқуқи инсон дар маркази таваҷҷӯҳ ва баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар чаҳорчуби Ҳафтаи Аврупо дар пойтахти кишвар ҳамчунин як қатор маъракаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ баргузор хоҳад шуд.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG