Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи айбдоршавандагони қатли Политковская


Имрӯз дар Маскав муҳокимаи айбдоршавандагони қатли журналист Анна Политковская идома мекунад. Қаблан интизор мерафт, ки муҳокима рӯзи 1-уми декабр барпо хоҳад шуд. Вале ба гунае, ки вакили тарафи ҷабрдида Анна Ставитская хабар дод, ба ӯ ва вакилони тарафи дигар огоҳнома фиристодаанд, ки муҳокима имрӯз баргузор хоҳад шуд. Дар ҷаласаи аввал додгустар Евгений Зубов бо такия ба дархости аъзои ҳайати мунсифа, ки аз амнияти худ меҳаросанд, ҳузури матбуотро дар муҳокима манъ кард. Ҳарду тарафи додгоҳ мухолифи дар паси дарҳои баста гузаштани муҳокима мебошанд.
XS
SM
MD
LG