Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми додгоҳи Новосибирск ба қочоқбарони инсон


Додгоҳи шаҳри Новосибирски Русия 6 нафарро барои қочоқи инсон ба мӯҳлатҳои аз 3 то 6 сол аз озодӣ маҳрум кард. Онҳо бо пешниҳоди кори хуб шаҳрвандони Узбакистон ва Тоҷикистонро ба Русия оварда, шиносномаи онҳоро мегирифтаанд ва монанди ғулом кор мефармудаанд. Пас аз рӯзи корӣ муҳоҷирон дар маҳбас нигаҳдорӣ мешудаанд. Ба ин шева ғуломдорони навбаромад 47 нафарро моҳҳои зиёд кор фармудаанд. Айбдоркунандаи давлатӣ Татяна Шветсоваро аз ҳукми додгоҳ норозигӣ кард ва мегӯяд, ба қочоқбарони инсон аз ҳаштуним то 10 соли зиндон хоста буд. Вай мегӯяд, додситонӣ бознигарии парвандаро талаб хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG