Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон марзбони қирғизро халъи силоҳ кардаанд


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, шаби душанбе зиёда аз 50 шаҳрванди Тоҷикистон вориди қаламрави Қирғизистон шуда, марзбони қирғизро, ки талаб кардааст, тоҷикон чорвои худро аз ҳудуди Қирғизистон бароранд, халъи силоҳ кардаанд. Раиси бахши дифоъ ва амният дар ҳукумати вилояти Бодканди Қирғизистон, Бакитбек Сагинбеков дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, марзбони қирғиз талаб кардааст, ки тоҷикон моли худро аз ҳудуди давлатии Қирғизистон хориҷ кунанд, вале шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин талаб бо сангандозӣ посух додаанд. Баъд аз он ки марзбон ба ҳаво тир паронд, тоҷикон ба ӯ ҳамла карда, силоҳашро гирифтаанд. Дар ҳоли ҳозир силоҳ дар дасти мақомоти ҳифзи қонуни Тоҷикистон аст ва мақомоти Қирғизистон ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG