Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозаи кӯтоҳмуддати интиқоли кӯмак ба Ғазза


Исроил иҷоза дод, ки 45 мошини боркаши ҳомили ғизо ва маводи сӯхт ба Навори Ғазза ворид шаванд. То ин вақт Исроил роҳҳои икмолотиро ба Ғазза ба ҳайси ҷазо ба мушакандозии ошӯбгарони фаластинӣ баста буд. Сухангӯи бунгоҳи кӯмакрасони Созмони Милал дар минтақа мегӯяд, мадади якдафъаӣ барои рафъи мушкилоти аҳолии Ғазза кофӣ нест ва бояд дар рӯз 15 мошини боркаш ба Ғазза ворид шаванд. Аммо пас аз як партоби мушак аз Ғазза ба ҳудуди Исроил, вазири дифоъи Исроил, Эҳуд Барак дастур дод, ки роҳҳо дубора баста шаванд.
XS
SM
MD
LG