Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президенти тозаинтихоби Амрико Барак Обама аъзои калидии гурӯҳи иқтисодии худро муаррифӣ кард.

Тавре ки интизор мерафт, ӯ раиси бахши ню-йоркии Бонки марказӣ Тимотӣ Гейзнерро ба мақоми вазири молияи кишвар пешниҳод кард. Обама гуфт, Гейзнер, ки бо забонҳои хитоӣ ва ҷопонӣ ҳарф мезанад, ҳамчунин “забони бозори байнулмилалии имрӯзаро аз чанд ҷиҳат мефаҳмад”.

Инчунин Обама ба мақоми сарвари шӯрои иқтисодии миллӣ дар ҳукуматаш Лоренс Самерсро пешбарӣ намуд. Самерс дар ҳукумати раисиҷумҳур Бил Клинтон вазири молияи Амрико буд. Тасмим гирифта шуд, ки академик Кристиан Ромер сарварии шӯрои мушовирони иқтисодии Кохи сафедро ба зимма хоҳад дошт.

Раисиҷумҳури тозаинтихоб эълон намуд, ки вазифаи нахустини ин гурӯҳ таҳияи як силсила кӯмакҳои ангезишдиҳанда барои иқтисоди ИМА ҷиҳати ташкили 2 миллиону 500 ҳазор ҷойи кори нав хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки Барак Обама ва ҳукуматаш танҳо 20 январи соли оянда ба кораш шурӯъ хоҳад кард. Дар айни замон ҳукумати ИМА зери сарварии раисиҷумҳур Ҷорҷ Буш тасмим гирифт, бузургтарин бонки кишвар ва яке бузургтарин бонкҳои ҷаҳонӣ - “Ситигруп”-ро аз муфлисшавӣ наҷот диҳад.

Бино бар нақшаи наҷот, ҳукумат саҳмияҳои ин бонкро ба миқдори 20 миллиард доллар харидорӣ карда, 306 миллиард қарзҳои хатарноки онро замонат медиҳад. Ҳукумати Ҷорҷ Буш ба ин иқдом баъд аз он даст зад, ки ҳафтаи гузашта баҳои коғазҳои қиматбаҳои “Ситигруп” дар бозори ҷаҳонӣ 60 дарсад коҳиш ёфта, мутахассисон нисбати вазъи иқтисодии ин ниҳоди молӣ изҳорӣ нигаронӣ мекарданд.

Буш гуфт, ки ин мавзӯъро бо раисиҷумҳури тозаинтихобшуда Обама мавриди баҳс қарор додааст ва Обама ӯро мутмаъин намуд, ки агар зарур шавад, ҳукуматаш омодааст, барои наҷоти “Ситигруп” гомҳои баъди бардорад.

Паҳншавии ин хабар ва хабарҳо дар бораи тарҳи наҷоти иқтисоди ҳукумати Бритониё ба бозорҳои ҷаҳонӣ таъсири мусбат овард ва дар натиҷа нархи саҳмияҳои бозорҳои Аврупо 10 дарсад афзоиш ёфтанд.
XS
SM
MD
LG