Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии СММ аз таъсири ҷанг ба кӯдакони Афғонистон


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун мегӯяд, ҳукумат ва гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Афғонистон бо ҷалби кӯдакон ба ҷанг бадрафтории бузурге нисбати насли ҷавони кишвари худ мекунанд. Дар баъзе мавридҳо Толибон онҳоро ба мунфаҷиркунандагони худкуш табдил медиҳанд. Дар нахустин гузориши худ ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар бораи таъсири ҷанги Афғонистон ба кӯдакон, Бан ҳамчунин даъват кард, ба масъалаи суистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ошӯбгарон таваҷҷӯҳи бештар дода шавад.
XS
SM
MD
LG