Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танишҳои ахири миёни Тифлис ва Маскав


Таниш миёни Макав ва Тифлис рузи якшанбе, вақте ки Гурҷистон 5-солагии инқилоби "садбаргӣ"-и худро ҷашн мегирифт, шиддат ёфт. Гурҷистон нируҳои Руссияро, ки дар наздикии Осетиёи Ҷанубӣ-минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон қарор доранд, муттаҳам сохт, ки ба суи корвони мошинҳои Михоил Саакашвилӣ ва Лех Качинский-раисони ҷумҳури Гурҷистону Лаҳистон тир холӣ кардаанд. Бино ба гузоришҳо, дар ин тирандозӣ касе осеб надидааст. Оқои Качинский таассуроташро ин гуна ифода кард:

"Бо таассуфи тамом мо дидем, ки дар тарафи дигар, дар хоки Гурҷистон қаламраве нест, ки русҳо то августи соли ҷорӣ мустақар шуда бошанд. Дар он ҷо як гуруҳи мардони мусаллаҳ буданд, ки баъд аз баромадани мо аз мошинҳо чанд сония тирандозӣ карданд".

Аммо Сергей Лавров-вазири хориҷаи Руссия ин тирандозиро инкор ва Гурҷистонро муттаҳам кард, ки даст ба таҳрикот задааст. Сааашвилӣ чунин посухи Руссияро "шеваи барбарӣ" номид.

XS
SM
MD
LG