Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мадинаи 30-сола ҳамроҳи шавҳар ва ду кӯдакаш дар шаҳри Маскав зиндагӣ ва дар коргоҳи дӯзандагӣ кор мекунад.

Вай аз зумраи занҳоест, ки бори зиндагӣ ногаҳонӣ ба дӯшаш афтодаву ночор роҳ сӯйи Маскав пеш гирифтааст. Мадина мегӯяд, ҳоло намедонад, то чанд соли дигар Маскав “хонаи умед”-и ӯ боқӣ мемонад, вале медонад, ки он ҷо худро ором ва дастнигар эҳсос намекунад: “Рӯзҳое буд, ки моро меронданд. Рӯзҳое буд, ки бидуни мамонаит ва мушкил кор мекардем. Аммо модарам бемор шуду дубора ба Тоҷикистон омадам ва боз меравам...”.

Аммо дар ин роҳ Мадина танҳо нест. Мисли ӯ даҳҳо ҷавонзанҳои дигари тоҷик ба умеди дарёфти рисқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Зеро бовар доранд, ки танҳо Русия метавонад онҳо ва хонаводаи онҳоро аз банди гуруснагӣ, бепулӣ ва бекорӣ раҳонад.

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони “Дурнамо плюс”, ки роҷеъ ба мушкили муҳоҷирати занон пажӯҳишҳо анҷом додааст, мегӯяд, занҳои муҳоҷири тоҷик дар Русия аксаран ба корҳои сиёҳ ва беарзиш машғуланд. Ба гуфтаи ӯ, назар ба “плюс”-ҳои ин муҳоҷират “минус”-ҳояш чашмрасанд:

“Ин қадар онҳо азият мекашанд. Ин қадар ҳуқуқҳояшон поймол мешавад. Ҳатто онҳоро мекушанд. Яъне ки нисбат ба ҷиҳати мусбаташ ҷиҳати манфияш хеле зиёд аст. Аммо дигар роҳ нест: ё мард ва ё зан бояд оиларо пуштибонӣ кунад ва фарзандонашонро хӯронанду пӯшонанд. Занҳои мо аксаран беҳимояанд. Онҳо тақрибан бидуни қарордод кор мекунанд. Бар изофаи он, фарзандони онҳо бидуни тарбия мемонанд. Ҳамаи ин мушкилот аст, албатта”.

Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, бо ин ҳол теъдоди дақиқи занҳои муҳоҷир рӯйи даст нест. Зеро аксари занон бидуни сабтином кор мекунанд ва ё бидуни қайд ба Русия мераванд. Вале як манбаъи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ҳудудан 16 дарсади муҳоҷирони тоҷик дар Русияро занон ташкил медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли Маърифат Шокирова, як масъули Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, мақомот иқдомҳои тозаеро рӯйи даст гирифтаанд, то муҳоҷирати занон беҳбуд ёбад. Вай бо ишора ба ҷиҳатҳои мусбати ин муҳоҷират мегӯяд: “Онҳо дар кишварҳои дигар худро имтиҳон мекунанд. Ба ин васила касбҳои нав меомӯзанд. Ҷиҳати дигари мусбати муҳоҷирати занон ин аст, ки онҳо ҷаҳонбинии худро васеъ мегардонанд. Ба ин маънӣ, мо ҷонибдори он нестем, ки куллия занҳои тоҷик ба муҳоҷират раванд. Мо тарафдори онем, ки занҳои мо дар хонаҳои худ назди фарзандонашон бошанд, аммо...”.

Бо ин ҳол, Зебо Шарифова, раҳбари иҷроияи Лигаи занҳои ҳуқуқшиноси Тоҷикистон, мегӯяд, бештари занҳои муҳоҷир аз нақзи ҳуқуқи худ ба онҳо шикоят мебаранд. Ба қавли хонум Шарифова, дар арзи ҳар моҳ онҳо аз даҳҳо зани тоҷик, ки шаҳди муҳоҷират дар Русияро чашидаанд, шикоятномаҳо мегиранд ва ба онҳо машаварат медиҳанд:

“Мушкиле, ки аксари занҳои муҳоҷир дар Русия ба он мувоҷеҳ мешаванд, ин надонистани шароити кор дар кишварест, ки онҳо ба он ҷо барои кор мераванд. Ин занҳо, ки ҳаққи худро намедонанд, дар Русия ба мушкили сабтином шудан рӯбарӯ мешаванд ва аксарияти онҳо ғайриқонунӣ ба кор шурӯъ мекунанд. Аз ин рӯ, ба даст меафтанд ва ҳамин тавр мушкилашон афзун мешавад. Дар қадами аввал бояд занҳои мо ҳаққу ҳуқуқҳои худро омӯзанд ва донанд”.

Хонум Шарифова гуфт, Лигаи занҳои ҳуқуқшинос дар охирин номаи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи занон ба унвонии ҳукумати Тоҷикистон низ пешниҳод кардааст, ки қабл аз гусели занҳо барои муҳоҷират онҳо бояд соҳибкасб бошанд. Дар ҳамин ҳол, як манбаъи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон низ мегӯяд, як кумиссиюни вижа барои бознигарии қонуни муҳоҷират шурӯъ кардааст ва интизор меравад ҳангоми ворид кардани тағйиру иловаҳо ба ин қонун ба мавқеъи занҳои муҳоҷир аҳамияти бештар дода мешавад.

Бо ин вуҷуд, Мадина ва мисли ӯ занҳои муҳоҷир бовар надоранд, ки ба ин зудиҳо мушкили иқтисодӣ ва ҷойи кор дар Тоҷикистон ҳалли худро пайдо мекунаду онҳо дубора ба ватан бармегарданд ва кору зиндагӣ мекунанд...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG