Пайвандҳои дастрасӣ

Русия киштиҳояшро дар обҳои Адан нигаҳ медорад


Нируҳои дарёии Русия мегуянд, ки киштиҳои онҳо дар Халиҷи Адан ҳамвора ба гашт машғул хоҳанд буд, то киштиҳои тиҷоратиро аз роҳзанҳо дар обҳои соҳилии Сомалӣ ҳимоят кунанд. Игор Дигало-сухангуи нируҳои дарёии Русия имруз гуфт, киштиҳои ҷангии Русия бо навбат дар обҳои Халиҷи Адан гашт мезананд ва Русия гаҳ-гоҳе ба ин минтақа киштиҳои хурди худро мефиристад. Моҳи сентябр, вақте ки як киштии Укроин рабуда шуд, Русия ба ин минтақа киштии ҷангии худро фиристод. Ин киштӣ тонк ҳамл мекард ва маллоҳони Русия дар киштӣ нишаста буданд. Моҳҳои ахир Русия мехоҳад ҳузури киштиҳои худро дар нуқоти мухталифи ҷаҳон афзоиш диҳад.

XS
SM
MD
LG