Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайате аз Шурои Амнияти СММ дар Афғонистон


Имруз ҳайате аз Шурои Амнияти СММ вориди Кобул шуд, то талошҳои Афғонистонро барои беҳбуди вазъи амниятӣ ва бозсозии ин кишвар баъд аз даҳсолаҳо ҷанг биомузад. Ба ин ҳайат сафирон ва фиристодаҳои 15 кишвари узви Шурои Амнияти СММ шомиланд ва қарор аст онҳо дар зарфи се рузи боздид бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳурӣ ва шахсиятҳои калидии Афғонистон дидор ва гуфтугу кунанд. Дар гузориши моҳи сентябри соли ҷории Шурои Амният омада буд, ки амният ва вазъи башарӣ дар ин кишвар ба таври қобили мулоҳиза бадтар шудааст.
XS
SM
MD
LG