Пайвандҳои дастрасӣ

Мусодираи ғизои муҳоҷирони тоҷик дар Русия


Кормандони гумруки Русия дар фурудгоҳи "Рошино"-и шаҳри Тумен аз шаҳрвандони Тоҷикистон 8 килограм маводи ширӣ ва як килограм гӯшти яхниро мусодира карданд. Тақрибан ба ҳамин миқдор маводи ғизо аз мусофирони Узбакистон, Озарбойҷон ва Арманистон низ кашфу мусодира гаштааст. Мақомоти Русия мегӯянд, ба иҷозаи раёсати Россезхознадзори Русия аз ин баъд интиқоли маводи ширӣ ва гӯштӣ ба Русия манъ аст. Онҳо афзуданд, чунин тасмим барои пешгирӣ аз вуруди бемориҳои сирояткунанда ба Русия гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG