Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милибанд аз барномаи ҳастаии Эрон хоҳад гуфт


Вазири умури хориҷии Бритониё, Дейвид Милибанд имрӯз аз сарони мамолики араб даъват хоҳад кард, мухолифати худро ба Эрони дорои силоҳи ҳастаӣ ба таври ошкор эълом доранд. Дар суханроние дар Абудабӣ, Милибанд хоҳад гуфт, ки Эрон бо соҳиб шудан ба силоҳи ҳастаӣ ба хатари фавқулодае барои суботи Ховари Миёна табдил хоҳад ёфт. Тибқи нутқи аз пеш мунташиршудааш, Милибанд, ба ин ҳам ишора хоҳад кард, ки таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милал бо ҳадафи барканор кардани режими Эрон ё омодагӣ ба ҳамлаи зидди Эрон гирифта нашудаанд. Теҳрон мегӯяд, барномаи ҳастаи он танҳо аҳдофи мулкӣ дорад ва бо мақсади эҷоди силоҳи ҳастаӣ роҳандозӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG