Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шубҳаи Фаронса ба тарҳи афғонистонии Обама


Вазири умури хориҷии Фаронса мегӯяд, вай ба барномаи президенти тозаинтихоби Амрико, Барак Обама дар бобати ҷанги ӯ бо ситезаҷӯёни исломӣ дар Афғонистон шубҳа дорад. Бернар Кушнер мегӯяд, афзоиши артиш танҳо дар "маҳалҳои мушаххас ва бо вазифаҳои мушаххас" бонатиҷа буда метавонад. Вай афзуд, Фаронса ба ин бовар аст, ки танҳо бо такия ба нерӯи низомӣ мушкили Афғонистонро наметавон ҳал кард ва бояд ба худи афғонҳо имкон дод, ки вазъи кишвари худро ислоҳ кунанд.
XS
SM
MD
LG