Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии Маркази фарҳангии тоҷикони Узбакистон


Охири ҳафтаи гузашта дар Тошканд, пойтахти Узбакистон, расми муаррифии Маркази фарҳангии тоҷикони Узбакистон баргузор шуд, ки дар он чеҳраҳои саршиноси илму фарҳанги ду кишвари Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат карданд. Бо омори расмӣ дар Узбакистон беш аз 1 миллион тоҷик ба сар мебарад, вале ба маълумоти ғайрирасмӣ шумораи тоҷикони ин кишвар ба маротиб бештар аст. Дар гузашта фаъолияти созмонҳои миллии тоҷикон дар Узбакистон бобарор набудааст, аммо сафорати Тоҷикистон дар Тошканд гуфтааст, ба фаъолияти Маркази нав ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард. Маркази умумиҷумҳуриявии тоҷикони Узбакистон дар ҳоле оғоз ба кор мекунад, ки равобит миёни ҳукуматҳои ду кишвари ҳамсоя солҳост аз соя ва сардиҳо берун намеояд.
XS
SM
MD
LG