Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиёву Амрико ба тиҷорати озод монеа намегузоранд


Раҳбарони кишварҳои Осиёву Амрико ваъда додаанд, ки ба монеагузорӣ дар тиҷорати озод роҳ намедиҳанд. Баъзе кишварҳо ҳамчун ҷавоб ба бӯҳрони саросарӣ тиҷорати озодро маҳдуд кардаанд.

Дар изҳороте, ки раҳбарони 21 кишвар шоми шанбе дар шаҳри Лимаи Перу пахш намуданд, ин нукта таъкид шудааст. 21 кишвари узви Анҷумани ҳамкориҳои иқтисодии минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором тақрибан нисфи иқтисоди оламро дар ихтиёр доранд.

Дар паёме ба ҳозирин президенти ИМА Ҷорҷ Буш гуфт, бозорҳои боз ва тиҷорати озод ба рафъи бӯҳрон кумак мерасонанд.

XS
SM
MD
LG