Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти "созанда"-и Лавров ва Райс


Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мегӯяд, ки ӯ бо котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс як мулоқоти "созанда" доир намуд, ки дар он аз ҷумла масъалаи сипари зидди мушакӣ, назорати силоҳ ва роҳзании баҳрӣ дар Сомалӣ арзёбӣ шуд.

Дар саҳифаи интернетии вазорати корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров навиштааст, ки Райс ваъда дод, нигарониҳои Русия дар мавриди сипари зидди мушакиро баррасӣ намояд.

Русия шадидан мухолифи бунёди сипари зидди мушакии ИМА дар Аврупои Шарқӣ мебошад.

Лавров ва Райс рӯзи шанбе дар шаҳри Лима дар ҳошияи нишасти раҳбарони кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором мулоқот намуданд.
XS
SM
MD
LG