Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Литвиненкоро ба некӣ ёд карданд


Рӯзи якшанбе фаъолони ҷумбишҳои мухолифи ҳукумати Русия ба нишони эҳтиром дар Маскав гирдиҳам омада, Александр Литвиненко-собиқ афсари хадамоти амниятии Русияро, ки ду сол пеш дар Лондон ба воситаи заҳролудшавии радиатсионӣ ба қатл расидааст, ба некӣ ёд карданд.

Тахминан 30 нафаре, ки дар пойтахти Русия ҷамъ шуда буданд, мақомоти ин кишварро бо судури фармони куштори Литвиненко муттаҳам карданд.

Литвиненко 23 ноябри соли 2006-ум дар як шифохонаи Лондон аз заҳролудшавӣ бо модаи радиоактиви полоний-210 ба ҳалокат расид

Муфаттишони Британия собиқ ходими амниятии Русия Андрей Луговойро бо куштори Литвиненко муттаҳам мекунанд. Рӯзи шанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон Андрей Луговой гуфт, ҳозир аст ба Британия рафта, дар таҳқиқи куштор кумак расонад. Вале Алекс Голдфарб дӯсти Литвиненко ва муаллифи китоб дар бораи куштори ӯ ин пешниҳоди Луговойро авомфиребӣ номид.

Луговой соли гузашта вакили Думаи Давлатии Русия интихоб шуд. Соли гузшта вақте муфаттишони Британия истирдоди ӯ ба Лондонро дар миён гузоштанд, Русия иброз дошт, ки қонуни асосии ин кишвар чунин амалро иҷозат намедиҳад.
XS
SM
MD
LG