Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳмотбозони Исроил ба ҷои аввал баромаданд


Рӯзи шанбе дар олимпиадаи 38-уми шоҳмот, ки дар шаҳри Дрездени Олмон ҷараён дорад, мунтахаби Исроил Арманистонро бо ҳисоби 2,5 бар 1,5 мағлуб намуда, ба ҷои аввал баромад. Акнун Арманистону Украина дар ҷои дуюм мебошанд. Рӯзи шанбе Украина бо ҳисоби 2,5 бар 1,5 Русияро ноком намуда буд. То охири мусобиқа ду давр боқӣ мондааст.

Ҳоло вазъ чунин аст: Исроил 8 имтиёз; Арманистону Украина 7,5 имтиёзӣ ҳар яке; Чин, Англия ва Сербия ҳар яке 7 имтиёзӣ ва баъд даҳ баста 6,5 имтиёзӣ доранд.
XS
SM
MD
LG