Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони ИМА ва Русия дар Перу вохӯрданд


Рӯзи шанбе дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони кишварҳои Анҷумани ҳамкориҳои иқтисодии минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором дар шаҳри Лимаи Перу президенти ИМА Ҷорҷ Буш бо раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев мулоқот намуд. Даври дуюми раёсатҷумҳурии Буш дар моҳи январ ба анҷом мерасад ва аз ин рӯ, шояд ин охирин вохӯрии онҳо дар мақоми раҳбарони ду кишвар буд.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон раҳбарони ду кишвар гуфтанд, ки дар давоми ҳашт соли раҳбарии Ҷорҷ Буш ИМА ва Русия дар баъзе масъалаҳо мувофиқат ва дар мавзӯъҳои дигар ихтилофи назар доштанд.

Президент Буш гуфт, ӯ зиёд талош варзид, ки равобити миёни ду кишвар дӯстона боқӣ монанд.

Ба қавли раисҷумҳур Медведев сарфи назар аз ихтилофҳо ду ҷониб ба ваҷҳи умум ҳамкориҳоро идома доданд.

Сухангӯи Қасри Сафед хонум Дана Перино мегӯяд, аснои мулоқот ИМА ва Русия мувофиқат карданд, ки замони сари қудрат омадани президенти мунтахаби ИМА Барак Обама ҳамкориҳоро давом дода, имкон надиҳанд, ки Эрон ба силоҳи ҳаставӣ дастрасӣ пайдо намояд.

Ҳамчунон Перино илова кард, ки ду раҳбар ихтилофҳо дар мавриди ҳамлаи низомии Русия болои Гурҷистонро баҳс намуданд. Моҳи августи гузашта нерӯҳои Русия ба хоки Гурҷистон ворид шуда, имкон надоданд, ки нерӯҳои Гурҷистон минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиро таҳти назорати марказ қарор диҳанд.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор намуд, президент Буш ва раисҷумҳур Медведев мувофиқат намуданд, ки ҳамкориҳоро ба таври "амалӣ" пеш бурда, ҳалли масъалаҳои муҳим барои ҳар ду ҷониб ва аҳли оламро пайдо кунанд.

XS
SM
MD
LG