Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҳилманд фармондеҳи Толибон кушта шуд


Нерӯҳои паймони НАТО дар Афғонистон иттилоъ медиҳанд, ки онҳо фармондеҳи баландпояи ҷумбиши Толибон дар ҷануби Афғонистонро ба қатл расонданд. Рӯзи якшанбе дар шаҳри Кобул НАТО изҳор намуд, ки Мулло Асад фармондеҳи воломақоми амалиёти толибон дар вилояти ҷанубии Ҳилманд буд.

Дар изҳороти НАТО иброз гардидааст, ки Мулло Асад 19-уми ноябр кушта шуд. Дар бораи макони қатли номбурда чизе гуфта намешавад. Мулло Асад бо ҳамла болои ноҳияи Гармсери вилояти Ҳилманд, ки дар он толибон фаъол мебошанд, маъруф шудааст. Нерӯҳои зери раҳбарии ИМА ва паймони НАТО таъкид кардаанд, ки дар моҳҳои сарди зимистон ҳам таъқиби толибонро идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG