Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тибетиҳои фирорӣ аз Далай Лама пуштибонӣ карданд


Муҳоҷирони тибетӣ тасмим гирифтаанд аз хатти машйи муътадили Далай Лама дар масъалаи Чин пуштибонӣ намоянд. Ин қарор рӯзи шанбе дар поёни нишасти якҳафтаинаи садҳо муҳоҷири тибетӣ дар шаҳри Дҳарамсалаи Ҳиндустон:мақарри ҳукумати ба истилоҳ дар ҳиҷрат қарордоштаи муҳоҷирони Тибет эълон шуд. Пешвои рӯҳонии тибетиҳо Далай Лама дар соли 1949 аз Тибет ба Ҳиндустон фирор намуд. Ӯ бештар ҷонибдори мухторияти Тибет аст, на истиқлоли комили ин минтақа аӯ ҳукми Чин. Далай Лама шахсан дар нишасти муоҳҷирон иштирок накард.
XS
SM
MD
LG