Пайвандҳои дастрасӣ

22-вуми ноябр Украина яке аз даҳшатноктарин саҳифаҳои таърихи худ - "Голодомор" ва ё марг аз гуруснагии солҳои 1932-1933-ро ёд кард.

Иосиф Сталин бо сиёсати коллективигардонии маҷбурӣ собиқ Иттиҳоди Шӯравиро бо камбуди шадиди озуқа мувоҷеҳ кард. Қаҳтии солҳои сиюм ҳаёти тақрибан 14 миллион шаҳрванди Шӯравиро аз байн бурдааст. Аксари қурбониҳо украинӣ буданд. Тибқи омори мухталиф дар солҳои Ҳолодомор дар Украина аз 3 то 10 миллион нафар ҳалок шудаанд.

Украиниҳо бар ин назаранд, ки қаҳтии бузургро режими Шӯравӣ бо ҳадафи барҳам задани ҷумбишҳои озодихоҳи ин кишвар роҳандозӣ карда буд. Ҳақиқати қаҳтии бузург фақат баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ошкор шуд. Соли 2006-ум вакилони мардумии Украина Ҳолодоморро куштори дастаҷамъӣ унвон доданд.

Ҳафтаи равон ҳангоми мулоқот бо хонандагони яке аз мактабҳои шаҳри Харков президенти Украина Виктор Юшенко даъват кард, ки қурбониҳои қаҳтии бузург ҳеҷ гоҳ фаромӯш нашаванд. Чаҳордаҳ кишвар қаҳтии бузургро ҳамчун куштори дастаҷамъии украиниҳо эътироф кардаанд.

Вале баъзе кишварҳо ба ин гуфтаҳои раҳбари украинӣ мувофиқ нестанд. Думаи давлатии Русия қатъномае ба тасвиб расонда қаҳтии бузургро на куштори дастаҷамъӣ ё худ генотсид, балки фоҷеа унвон дод.

Дар ҳамин ҳол, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Голодоморро ҷиноят бар зидди мардуми Украина номида бошад ҳам, мувофиқ нест, ки он ҳамчун куштори дастҷамъӣ арзёбӣ шавад.

Аз нақли як шоҳиди он рӯзҳо:

Киндрат Мурзак соли 1925 дар деҳаи Сарнии Украинаи марказӣ ба дунё омадааст. Замоне, ки қаҳтии бузург Украинаи шӯравиро ба доми худ кашида, ҳаёти миллионҳо нафарро ба таҳдид рӯ ба рӯ кард, Курзак ҳамагӣ ҳафтсола буд. Вале ӯ ҳеҷ гоҳ даҳшати он рӯзҳоро фаромӯш накардааст.

"Ман соли 1933-умро дар ёд дорам. Як зани ҳамсояамон ду фарзандаш: писари ҳафтсола ва духтари шашсолаашро истеъмол намуд. Рӯзе модаркалонам Устия ба хонаи мо омада буд. Ӯ шунид, ки ин зан маро ба хонааш даъват мекунад. Ӯ мегуфт: "Киндрат биё, ман бароят савғо дорам.!" Модаркалонам давида, садди роҳи зиёрати ман аз хонаи ин зан шуд. Баъди чанде мо дар танӯри ин зан устухон мушоҳида кардем. Ҳамсояи дигарамон Якив Шӯрои деҳаро даъват намуд ва онҳо дар танӯри ин зан сару устухони по пайдо карданд. Ҳамон он занро аз деҳа ба самти номаълум бурданд. Баъд дар дигар гӯшаҳои деҳаамон ҳам чунин ҳодисаҳо ба қайд гирифта шуданд. Оилаҳое буданд, ки аъзои он ҳамагӣ ҳалок шуданд. Дар маҳаллаи мо тахминан нисфи мардум ба ҳалокат расиданд."

XS
SM
MD
LG