Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба Афғонистон нерӯи иловагӣ мефиристад


Вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс мегӯяд, ИМА нақша дорад, ҳазорҳо сарбози тозанафасро ба Афғонистон фиристад, то интихоботи миллии ин кишвар бидуни таъхир дар тирамоҳи соли 2009-ум барпо гардад.

Дар шаҳри Корнвалиси Канада аснои суханронӣ дар нишасти масъулони дифоии кишварҳои шарик дар амалиёти низомии Афғонистон Гейтс тасдиқ кард, ки моҳи январи соли оянда як бригадаи ҷангии нерӯҳои ИМА ба Афғонистон фиристода мешавад.

Ҳамчунон Гейтс иброз дошт, ки ирсоли бригадаҳои иловагӣ қабл аз интихоботи Афғонистон мавриди баҳс мебошад, вале то кунун қарори ниҳоӣ дар ин бора қабул нашудааст. Соли оянда раъйдиҳандагони афғон дар қатори вакилони мардумӣ раисҷумҳури ин кишварро низ интихоб хоҳанд кард.

Ба қавли вазири мудофиаи ИМА шояд соли оянда интихоботи бомуваффақият муҳимтарин ҳадаф дар Афғонистон шавад.

Гейтс баъзе арзёбиҳои навмедкунандаро беасос хонд ва афзуд:

"Толибон ягон минтақаро таҳти тасарруф қарор надодаанд. Ҳар дафъае, ки нерӯҳои мо бо онҳо рӯ ба рӯ шудаанд, онҳо ноком гаштанд ва он ақида, ки вазъ дар Афғонистон аз назорат берун шудааст ва ё дар самти фоҷеа ҳаракат дорад, бе ҳадду андоза бадбинона аст. Аммо тавре гуфтам, бидуни шакк мо бо баъзе таҳдидҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ мебошем."

Феълан дар Афғонистон беш аз 30000 сарбози амрикоӣ ва ҳамчунон беш аз 30000 сарбози кишварҳои узви паймони НАТО бар зидди Толибон амалиёт пеш мебаранд. Як бригадаи ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА тақрибан аз 3500 низомӣ иборат аст.

XS
SM
MD
LG