Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳрези фирории ҳамлаи террористӣ кушта шуд


Назар ба гузоришҳо аз Покистон бар асари ҳамлаи мушакӣ шахси муттаҳам бо тарҳрезии бомбгузории ҳавопаймои трансатлатик дар соли 2006-ум ба ҳалокат расидааст. Тахмин мешавад, ки ҳамлаи мушакӣ дар шимолу ғарби Покистонро ИМА амалӣ кардааст.

Тибқи хабарҳо Рашид Рауф ҷангҷӯи исломӣ, ки шаҳрвандии Британияро дорад, субҳи шанбе дар минтақаи қабилаҳои вилояти Шимоли Вазиристон, воқеъ дар наздикиҳои марзи Покистон бо Афғонистон кушта шудааст.

Аҷдоди Рауф асли покистонӣ доранд. Ӯ бо тарҳрезии бомбгузории ҳавопаймои масири Лондон-ИМА муттаҳам шудааст. Ин нақша, ки мебоист дар соли 2006-ум бо истифода аз маводи моеи тарканда ба амал бароварда мешуд, кашф гардид. Моҳи августи соли 2006-ум Рауф дар Покистон ба ҳабс гирифта шуд ва дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ вазъи фавқулода ҷорӣ шуд.

Моҳи декабри гузашта Рауф муваффақ шуд, ки аз зиндони канори шаҳри Исломобод фирор намояд.

Тибқи гузоришҳо ҳамлаи мушакӣ ҳаёти Рауф, як ҷангӯи мисрӣ ва ду ҳамроҳи онҳоро дар наздикиҳои шаҳри Мир Алии Шимоли Вазиристон аз байн бурд.

XS
SM
MD
LG