Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи нафт боз коҳиш ёфт


Бори аввал дар се соли ахир қимати як бушка нафт дар бозори ҷаҳон аз 50 доллар пойинтар рафт. Рӯзи ҷумъа дар бозорҳои Осиё як бушка нафт бо қиммати 48 доллару 25 сент хариду фурӯш шуд. Ҳамзамон шохиси саҳмияҳо дар бозори Осиё баъди пойинравии чашмраси рӯзҳои ахир дубора андаке афзоиш ёфтааст.
Рӯзи панҷшанбе шохиси Доу Ҷонс, ки нишондиҳандаи миёнаи саҳмияҳои калидии саноати Амрикост, панҷуним дарсад паст рафта буд. Нархи нафт дар бозори Ню Йорк низ то 49 доллару 62 сент коҳиш ёфт.

XS
SM
MD
LG