Пайвандҳои дастрасӣ

Юшенко аз Тимошенко хостори пардохти қарз шуд


Раисиҷумҳури Укроин Виктор Юшенко аз сарвазир Юлия Тимошенко талаб кард, ки тули панҷ рӯз ҳукумат ҳама қарзҳо барои гази Русияро пардохт кунад. Юшенко изҳор намуд, ки нафаре аз истифодабарандагон аз газ қарздор нестанд ва ҳама маблағро сари вақт супурдаанд:

"Чанд рӯз пеш шумо эълом доштед, ки мавзӯъи газ ҳал шудааст. Хуб, акнун давоми панҷ рӯз намоиш диҳед, ки шумо ҳамаро ҳал кардаед, аз ҷумла, пардохти маблағ барои гази истифодашударо. Дар дохили кишвар ин гуна қарз мавҷуд несттибқи маълумоте, ки ман мебинам, 100 то 103 дар сад маблағ пардохт шудааст. Ин пулҳоро пайдо кунед".

Маскав аз Киев талаб кардааст, ки дар наздиктарин фурсат қарз барои газро пардохт кунад. Қарзи Укроин барои гази Русия, ба иттилоъи Маскав, айни ҳол ба тақрибан дуву ним миллион доллар расидааст.

XS
SM
MD
LG